Норак: Маҳфили оммавӣ-маърифатӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъаовар
Норак, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар госпитали шаҳри Норак бо ташаббуси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр дар ҳамкорӣ бо кормандони беморхонаи марказӣ таҳти унвони «Мубориза бо нашъамандӣ- масъулияти ҳамагон» маҳфили оммавӣ-маърифатӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғариқонунии он доир гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Алиҷон Каримов ва наздики 100 нафар намояндагони касбу кори гуногун, кормандони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, корҳои дохилӣ, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва як гурӯҳ занон иштирок намуданд.
Дар маҳфил масъулин вобаста ба мавзӯи семинар доир ба оқибатҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқии нашъамандӣ, барномаи ҳукуматӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ, роҳҳои пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим ибрози назар карданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






