Носи Тоҷикистон ба ягон стандарти давлатӣ ҷавогӯ нест

Июнь 1, 2016 10:28

Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаи истеҳсол, фурӯш ва истеъмоли хокаи аз тамоку истеҳсолшуда, яъне нос ягон стандарти давлатӣ, регламент ва тарзи тайёр кардан надорад.  Дар  ҳар маҳал носро бо ҳар тарз истеҳсол мекунанду бо  ҳар бренд  мефурӯшанд»,- гуфт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Навруз Ҷаъфаров зимни конфронс бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку.
Бино ба маълумоти Н.Ҷаъфаров,  соли  2014  барои муайян кардани таркиби нос, чанд намуди нос аз ҳар минтақаи кишвар  ба Амрико ва Русия барои ташхис ва таҳқиқ фиристода шудааст. Пас аз ташхис муайян гардид, ки  он маводи кимёвие,  ки дар нос аст, ҳатто дар таркиби  сигор нест.
«Таркиби нос 10 маротиба бештар маводи кимёвии зараровару заҳролуд дорад. Металлҳои вазнине, ки дар таркиби носанд,  аз ҷумла  малибден, сурб, ишқорҳо  ва ғайра,  пардаи луобии даҳонро вайрон мекунанду металлҳои вазнин ба бемориҳои саратон  ва захми меъда оварда мерасонанд. Дар минтақаҳои кӯҳии кишвар  барои тайёр кардани нос хокистари дарахти арча истифода мешавад. Дар шаҳрҳо оҳак ва ё хокистари поруи паррандагонро истифода мекунанд»,-илова намуд муовини вазир.
Бино ба  таҳлилҳои гузаронидаи  ТУТ 8,7 % мардони аз 15 то 59 сола  дар Тоҷикистон тамоку мекашанд. Ин нишондод нисбат ба занон 0% мебошад. Ҳол он ки қариб 40% мардон  ва 3% занҳое, ки дар деҳоти кишвар  умр ба сар мебаранд,  нос мекашанд.
Мутахассисони соҳаи тиб дар он андешаанд, ки сабаби зиёд истеъмол кардани нос дар арзонӣ  ва дастрасии он мебошад.

Июнь 1, 2016 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ