Ҷоми Аврупо-2016: имрӯз аввалин бозии 1/4- ниҳоӣ барпо мегардад

Июнь 30, 2016 09:48

Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Силсилаи бозиҳои 1/4- ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016, ки дар Фаронса идома доранд, имрӯз бо бозии байни дастаҳои мунтахаби Португалия ва Лаҳистон(Полша) оғоз меёбанд. Ин вохӯрӣ дар соати 00:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Велодром» -и шаҳри Марсел сурат мегирад. Дар ин варзишгоҳ аллакай дастаи мунтахаби Лаҳистон дар бозиҳои гурӯҳии имсола мунтахаби Украинаро бо натиҷаи 1:0 мағлуб карда буд. Португалиҳо ҳанӯз соли 1984 дар ин варзишгоҳ ду бозии худро бо дастаҳои мунтахаби Испания (1:1) ва Фаронса (2:3) дар ҷараёни бозиҳои Евро-1984 гузаронидаанд.
Дастаи мунтахаби Лаҳистон то бозиҳои ниҳоии имсола дар таърихи ширкаташ ягон маротиба ба ғалаба комёб нашуда буд,  аммо имсол имкон дорад бо ҳайати хубе, ки танҳо аз Ҷердан Шакирӣ дар 4 вохӯрӣ як гол хӯрдааст, дар муқобили дастаи мунтахаби Португалия ба комёбӣ расад. Таносуби бозиҳои байни ин дастаҳо дар солҳои гузашта ба нафъи футболбозони португалист, ки дар 4 бозӣ ғалаба карда, 3 бозиро мусовӣ ва 3 бозиро бохтаанд. Натиҷаи тӯбҳо ҳам ба 13:9 баробар аст. Охирин ғалабаи Лаҳистон бо натиҷаи 2:1 бар Португалия 10 сол пеш ёд мешавад.
Португалия то ин вохӯрӣ бо се мусовӣ аз гурӯҳ суъуд карда, тими мунтахаби Хорватияро дар 1/8- финал бо ҳисоби 1:0 бо голи здаи Рикарду Куарежма дар дақиқаи 117 паси сар гузоштааст.
Мутахассисон пешгӯӣ мекунанд, ки дар вохӯрии байни дастаҳои Португалия ва Лаҳистон бартарӣ бар ҷониби лаҳистониҳо (4.05:2.23) мебошад, аммо натиҷаи асосиро мо баъди анчоми бозии ин дастаҳо дарёфт хоҳем кард.

Июнь 30, 2016 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд