Сафири Тоҷикистон ба Президенти Узбекистон Эътимоднома супорид

Июнь 30, 2016 16:59

Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 29 июни соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон  Содиқ Имомӣ  эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов  супорид .
Пас аз маросими супоридани Эътимоднома Президенти Ҷумҳурии Узбекистон  Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар поёни суҳбат  Сафири Тоҷикистон С . Имомӣ   изҳор дошт, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Узбекистон  ба харҷ хоҳад дод.

Июнь 30, 2016 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад