Семинари омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ
Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1-ум то 11-уми июни соли равон дар 15 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ баргузор хоҳанд шуд. Курсҳои омӯзишии мазкур дар 20 нуқта тибқи барнома ва модули омӯзишӣ гузаронида мешаванд.
Барои иштирок дар семинарҳо қаблан 3640 нафар ҳуҷҷат супорида буданд, ки аз ин шумора тибқи талабот ва арзёбии пешакӣ зиёда аз 2 ҳазору 200 нафар ба омӯзиш ҷалб шудаанд. Дар марказҳои имтиҳонӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, аз шумораи шахсони дар семинарҳо иштироккарда зиёда аз 1900 нафар ба кори муваққатӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Бояд тазаккур дод, ки семинарҳои омӯзишӣ барои 81 гурӯҳ аз ҷониби 46 нафар- 26 тренер, ки Марказ қаблан онҳоро тибқи озмун интихоб карда, омӯзонидааст, инчунин 20 корманди худи Марказ баргузор мегарданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






