ҶСП «Спитамен Бонк» қарзи ипотекиро барои шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ фаъол мекунад
Душанбе, 01.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз якуми июн ҶСП «Спитамен Бонк» қарзи ипотекиро ба роҳ мемонад, ки барои шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ пешбинӣ шудааст.
«Ин маҳсулро мо барои пешниҳоди роҳҳои дастраси ҳалли масоили вобаста ба манзил, ки яке аз масъалаҳои афзалиятнок барои аксари мардум ба ҳисоб меравад, аз ҷумла оилаҳои серфарзанд, навхонадорон ва шахсони бо хешовандони наздик мезиста, ки мехоҳанд соҳиби хонаи худ бошанд, ба роҳ мемонем. Тавре маълум аст, на ҳама вақт имконияти якбора ҷамъ кардани маблағи зарурӣ барои хариди хона мавҷуд аст. Роҳи хуби ҳалли ин масъала метавонад қарзи ипотекии бонки мо шавад», — гуфт муовини аввали раиси Раёсати ҶСП «Спитамен Бонк» Умедҷон Ҳикматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Бино ба гуфтаи У.Ҳикматов, ин қарзро на танҳо барои хариди хона, балки бо мақсади таъмири манзил низ гирифтан мумкин аст.
ҶСП «Спитамен Бонк» дар байни ҳадафҳои афзалиятнокаш, ба воридсозии маҳсулоти наву хизматрасониҳои инноватсионӣ диққати махсус медиҳад. Воқеан интихоби дурусти маҳсулоти молиявӣ, хизматрасонии босифату зуд, инчунин устуворию эътимоднокии бонк гарави муваффақияти мизоҷон мебошад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






