Таърихи баргузории вохӯриҳои дӯстонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол муайян шуд
Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар хабар дода будем, дар доираи тайёриҳо ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Фаластин бозиҳои таҷрибавӣ доир мекунад. Бино ба иттилои сомонаи ФФТ рӯзи гузаронидани бозиҳо муайян шуданд.
Ба ҳамин тартиб, дастаи мунтахаби Тоҷикистон вохӯриашро бо тими мунтахаби Афғонистон 1 сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода ва 6 сентябр дар сафар бо дастаи мунтахаби Фаластин барпо менамояд. 3 октябр вохӯрии ҷавобии тими мунтахаби Фаластин ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба назар гирифта шудааст.
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби Афғонистон дар раддабандии ФИФА дар зинаи 156 ва Фаластин дар ҷои 113 қарор дошта, чун дастаи мунтахаби кишварамон ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 тайёрӣ мебинанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






