Украина бе ягон хол аз бозиҳои Ҷоми Аврупо-2016 берун шуд

Июнь 22, 2016 10:11

Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Украина иштироки худро дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо -2016 рӯзи гузашта дар гурӯҳи «С»  бе ба даст овардани имтиёз ба анҷом расонд. Футболбозони ин кишвар дар се вохӯрӣ мағлуб шуда, аз дарвозаашон 5 тӯб гирифтанд ва ягон голро ба нишон нарасониданд.
Дар рақобати охирини худ тими мунтахаби Украина аз Лаҳистон бо нишондоди 1:0 мағлуб шуд. Расонаҳо менависанд, ки дастаи мунтахаби Украина дар Чемпионати имсола бозии хуб нишон дода бошад ҳам, натавонист дарвозаашро аз гол эмин нигоҳ дорад ва иқтидори хати ҳуҷумашро истифода барад.
Дар ин гурӯҳ тими мунтахаби Олмон баъди дастоварди навбатиаш дар баробари Ирландияи Шимолӣ(1:0) бо Лаҳистон 7 имтиёзро соҳиб шуд ва аз нигоҳи таносуби тӯбҳо дар мавқеи аввал ҷой гирифт
Ба ҳамин тартиб баъди ба анҷом расидани бозиҳо дар ду гурӯҳи дигар ҳама иштирокдорони бозиҳои 1/8- ниҳоӣ маълум хоҳанд шуд.

Гурӯҳи С.

N Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1   ОЛМОН 3 2 1 0 3-0 7
2   ПОЛША 3 2 1 0 2-0 7
3   ИРЛАНДИЯИ Ш. 3 1 0 2 2-2 3
4   УКРАИНА 3 0 0 3 0-5 0
Июнь 22, 2016 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад