Ваҳдати миллӣ — гавҳари ягонаи бунёди ҷомеаи солиму созанда

Июнь 24, 2016 10:17

Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ миёни сарбозони қисми низомии 5453 қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ таҳти унвони «Ваҳдат — гавҳари ягонаи бунёди ҷомеаи солиму созанда» чорабинии фарҳангиву маърифатӣ доир гардид.  Дар  чорабинӣ Аббос Саймуддинов  сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Маҳмадулло Наимов  мудири шуъбаи таблиғоти ҲХДТ, Нурмаҳмад Бобоев  сардори шуъба оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД оид ба масъалаҳои нақши Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва нигоҳдошти арзишҳои Ваҳдату ягонагӣ, устувориву рушди самтҳои гуногуни соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт дар заминаи беҳбуд бахшидани ҳаёти осоишта барои тамоми мардуми кишвар сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ гавҳари ягонаи бунёди ҷомеаи солиму созанда мебошад.
Дар чорабинӣ як зумра сарбозону афсарони шуҷоъ ба хотири саҳми арзанда ва хизматҳои намунавию ибратбахш дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ бо сипосномаю туҳфаҳои хотиравии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

Июнь 24, 2016 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад