Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон мулоқот кард
Душанбе, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин сардори шуъба оид ба ҳамкориҳои низомии Сафорати ИМА Кевин Стил иштирок дошт.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода хонум Элизабет Миллардро ба муносибати таъин гаштанаш ба вазифаи масъулиятнок табрик намуда, ба ӯ дар ҷодаи фаъолият бурдборию комёбиҳо таманно кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо оид ба масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба дар мавриди мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва хатару таҳдидҳои замони муосир табодули афкор намуданд. Зикр гардид, ки чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, баҳри ривоҷ ёфтани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муштарак имконияти бештаре фароҳам хоҳанд овард.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






