Зимни ҳодисаи нохуш ҷавони 21-сола ҳалок гардид
Душанбе,30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 29 июни соли равон ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2109 », марди 29-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ дар ҳудуди маҳаллаи Гулбуттаи пойтахт, дар лаби дарёи Душанбе бинобар ба охир расидани сӯзишворӣ маҷбуран таваққуф карда, барои дастрас намудани маводи сӯзишворӣ ба маркази хизматрасонии нақлиёт- «Автосентр» рафтааст.
Баъди рафтани ронанда нақлиёти мазкур дар нишебӣ ба ҳаракат даромада, ба чуқурии лаби дарёи Душанбе чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофири дар дохили мошин буда, ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари мошин- ноболиғон, писарчаҳои 12 ва 14-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






