«12 соли интизорӣ»: занону духтаронро худкушиву худсӯзӣ не, муборизиву машъалафрӯзӣ мебояд!

Июль 13, 2016 16:40

Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  рӯнамоии филми ҳунарии «12 соли  интизорӣ»  баргузор шуд.
Филми навро Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов дар ҳамкорӣ бо телевизионҳои «Синамо» ва «Танин» таҳия намуда,  Муҳиддини Музаффар коргардони филм ва Бахтиёр Каримов муаллифи  он мебошанд.
Ин филм дар образи як  духтари ҷавон  бо номи Фаришта тақдири ҳазорон нафар занону духтарони тоҷикро инъикос менамояд. Фаришта баъди  хатми мактаби миёна орзуи таҳсил дар Донишгоҳи тиббиро дошт, то дар оянда табиб шуда, ба дарди қалби падараш даво бахшад. Аммо ӯ  маҷбур мешавад, ки бо хоҳиши волидайнаш аз баҳри орзуву омол ва дӯстдоштааш  баромада, ба ҷавоне, ки ӯро хонаводааш интихоб намудааст, оила барпо намояд. Пас аз оиладор шудан ҳамсару хушдоманаш ба қавли худ вафо накарда, натанҳо нагузоштанд, ки ӯ таҳсилашро давом диҳад, балки  бо рафтору гуфтори нораво ӯро зери таҳқиру хушунат қарор дода, ба ӯ ҳамчун ба як каниз муносибат менамуданд. Фаришта  бо  вуҷуди ин ҳама  шавҳарашро, ки  дар Федератсияи Русия ба муҳлат 9 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст,  интизор мешавад.
Муҳиддини Музаффар, коргардони филм   зикр намуд, ки   филм бо ноумедӣ анҷом наёфта, балки бо пирӯзии қаҳрамони онҳо Фаришта хотима ёфтааст.  Фаришта баъди таҳаммулу сабри зиёд аз шавҳари хиёнаткораш ҷудо шуда, бо машварати равоншинос аз нав ба зиндагӣ дилгарм мегардад. Таҳсилашро идома дода,  табибиро касб намуда, роҳи дурусти   зиндагиро  интихоб менамояд.
Муҳиддини Музаффар ҳамчунин зикр намуд,   ки  ин филм хушунати хонаводагӣ ва ҷабри баъзе аз хушдоманҳоро  нишон дода, ба воситаи образҳои филм  занону духтаронро  ҳушдор медиҳад, ки  худкушиву худсӯзии онҳо  роҳи наҷот набуда,  баръакс, ба рағми ин ҳама  ноҳамвориҳои роҳи тақдир   бояд машъалафрӯзу мубориз барои  ҳифзи ҳуқуқҳои хеш бошанд.
Осим Орифпур,  директори филм дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  иброз дошт, ки  дар филм матонату ҷасорат ва сабри зани тоҷик, ки 12 сол шавҳарашро интизор мешавад, нишон дода шудааст.
Дилошӯб Орифзода, продюсери ин филм зикр намуд, ки: «12 соли интизорӣ» бар асоси ҳодисаҳои воқеӣ таҳия шуда,  пеш аз наворбардории филм онҳо бо 40 зани хушунатдида суҳбат карда, аз рӯзгори ҳар кадоми онҳо пораеро гирифтаанд. Намоиши нахустини ин филм дар Хуҷанду Истаравшан аз сӯи тамошобинон хуб истиқбол шудааст.
Мо умед дорем, ки ин филм барои ба андеша водор намудани ҷомеа сари масъалаҳои инъикоснамуда мусоидат намуда,  ба духтарону занони тоҷик заррае ҳам бошад, ёрӣ хоҳанд расонд. Мақомоти давлатӣ  барои идомаи таҳсили духтарон, пешгирӣ аз никоҳи барвақтии онҳо ва  ҷудошавии оилаҳои ҷавон     талоши зиёд дорад. Мо ҳам паёмади ин масъаларо дар шакли тасвир нишон додем. Нишон додем, ки никоҳҳои барвақтӣ на ҳама вақт мояи хушбахтии духтарон гардида,  дар бисёр ҳолат онҳоро дар чорроҳаи тақдир гузошта,  ҳатто баъзеи онҳоро то худкушӣ мерасонанд.
Нақши асосиро дар филми «12 соли  интизорӣ» ҳунарманди ҷавону боистеъдод Таҳмина Раҷабова мебозад. Ӯ барандаи барномаҳои иттилоотии шабакаи телевизионии «Сафина» ва дорандаи ҷоизаи Фестивали байналмилалии синамо дар Ҳиндустон барои беҳтарин нақши занона (2013) мебошад.
Ҳамчунин дар ин филм ҳунармандони тоҷик Муҳаммадҷон Шодиев, Муҳаммадалӣ Маҳмадов,  Нозим Меликов, Моҳпайкар Ёрова, Хуршед Мустафоев, Фарҳод Тухташев, Насриддин Асадуллоев, Ваҳҳоб Дӯстов ва дигарон нақш офаридаанд.
Филми «12 соли  интизорӣ» ба тамошобинон писанд омад ва дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чанд нафари онҳо  изҳори умедворӣ карданд, ки  шумораи чунин филмҳои ватанӣ зиёд гардида, тамошобини тоҷик ба ҷои филмҳои бегона маҳсули синамогарони тоҷикро тамошо хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, ки гурӯҳи «Суғдсинамо» дар гузашта филмҳои «Паймон»-у «Коса» ва филми ҳуҷҷатии «Духтари Сайҳун» дар бораи шоири маъруфи тоҷик Фарзонаро рӯи навор оварда,  ба бинандагон пешниҳод карда буданд.

Июль 13, 2016 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд