4 нафар донишҷуёни ДДТТ дар Донишгоҳи Пизаи Итолиё таҳсил намуда истодаанд
Душанбе, 16.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо дигар макотиби олии хориҷи кишвар зиёда аз 60 шартномаи ҳамкориро ба имзо расонидааст.
Ин нуқтаро зимни нишасти хабарӣ ректори донишгоҳ Мумин Шарифзода зикр намуда, аз ҷумла гуфт, ки донишгоҳ дар барномаҳои ташкилоти байнамилалӣ фаъолона иштирок намуда, алҳол 7 нафар донишҷӯёни риштаи бакалавр дар доираи барномаи табодули донишҷӯён дар Донишгоҳи иқтисод ва савдои кооператсияи матлуботи Беларуссия, Донишгоҳи иқтисодии кооператсияи матлуботи Қазоқистон ва Донишгоҳи менеҷменти Алма-ато таҳсил карда истодаанд.
Ғайр аз ин, 4 нафар донишҷӯён, ки ғолибони озмуни барномаи «Эрамус» гардида буданд, ҳоло дар Донишгоҳи Пизаи Итолиё таҳсил менамоянд.
Ба иттилои Мумин Шарифзода, яке аз самтҳои дигари фаъолияти бахши робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мондан ва ҷалб кардани донишҷӯёну устодон аз хориҷи кишвар аст. Ҳоло дар донишгоҳ 74 нафар донишҷӯён ва магистрантони хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Бояд зикр кард, ки раванди таълим дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар ду шакл-рӯзона ва ғоибона амалӣ гардида, ҳамагӣ дар 223 гурӯҳҳои академӣ 4035 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






