4 нафар донишҷуёни ДДТТ дар Донишгоҳи Пизаи Итолиё таҳсил намуда истодаанд

Июль 16, 2016 10:10

Душанбе, 16.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо дигар макотиби олии хориҷи кишвар зиёда аз 60 шартномаи ҳамкориро  ба имзо расонидааст.
Ин нуқтаро зимни нишасти хабарӣ ректори донишгоҳ Мумин Шарифзода зикр намуда, аз ҷумла гуфт, ки донишгоҳ дар барномаҳои ташкилоти байнамилалӣ фаъолона иштирок намуда, алҳол 7 нафар донишҷӯёни риштаи бакалавр дар доираи барномаи табодули донишҷӯён дар Донишгоҳи иқтисод ва савдои кооператсияи матлуботи Беларуссия, Донишгоҳи иқтисодии кооператсияи матлуботи Қазоқистон ва Донишгоҳи менеҷменти Алма-ато таҳсил карда истодаанд.
Ғайр аз ин, 4 нафар донишҷӯён, ки ғолибони озмуни барномаи «Эрамус» гардида буданд, ҳоло дар Донишгоҳи Пизаи Итолиё таҳсил менамоянд.
Ба иттилои Мумин Шарифзода, яке аз самтҳои дигари фаъолияти бахши робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мондан ва ҷалб кардани донишҷӯёну устодон аз хориҷи кишвар аст. Ҳоло дар донишгоҳ 74 нафар донишҷӯён ва магистрантони хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Бояд зикр кард, ки раванди таълим дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон  дар ду шакл-рӯзона ва ғоибона амалӣ гардида, ҳамагӣ дар 223 гурӯҳҳои академӣ 4035 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Июль 16, 2016 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд