Абдулло Раҳнамо, сиёсатшинос: «Нурест дар ҷабини Бадахшон…»
(Сафарномаи манзум)
Душанбе, 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷашнвораи беназири Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон бори дигар пайванди унсурии тамоми мардуми кишвар, ваҳдати фарҳангу ҳуввияти тоҷикӣ, шукӯҳи рӯҳи ватандорӣ, тантанаи эҳсоси соҳибдавлатии мардум ва ҷовидонагии ин миллати куҳанбунёдро ба намоиш гузошт.
Ҷашнвораи беназири Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон бори дигар шукӯҳи табиати биҳиштӣ, таровати фарҳанги ноб, ҳаловати ҳунари асил ва бузургвории мардуми меҳрубони ин диёри афсонавиро ба намоиш гузошт. Ба гунае, ки Пешвои миллат ризоияти бениҳояти мардуми кишварро дар як таъбири асили тоҷикӣ ҷамъбаст намуданд, ки «Шумо, мардуми Бадахшон, ҳамаро қоил кардед!».
Оре, Бадахшон басе дӯстдоштанист. Бадахшоне, ки водии шукӯҳ, кӯҳсори зинда, ватани шогун баҳор, сарзамини лаъл ва рашки ҷаҳон аст. Бадахшоне, ки марзи номуси баланди кишвар ва порае аз сарзамини муқаддасест, ки модари таърих онро бо шири меҳр Тоҷикистон ном ниҳодааст…
Ҷовид, эй Бадахшон, умрат ҳазор бодо,
Ҳар рӯзи рӯзгорат «шогун баҳор» бодо.
Пас, ба поси он қиёми малакутии ваҳдат, ба сипоси он хубиву зебоӣ, ба ҳурмати гулгуни чинии ширчой ва ба фидои он покии рӯъёӣ ин сафарномаи манзум ба Бадахшони баланд, балки ба модарватани бузургвори мо — Тоҷикистони арҷманд тақдим бод.
Ин Ватанро «нигар ба чашми хирад»,
Ҷавҳари он басе бузургтар аст.
Аз фиреби харита бояд раст,
Тоҷикистон басе бузургтар аст!
Ҷаҳон аз баландӣ чӣ сон менамояд?
Дар ин фасли гулпираҳан дар Бадахшон,
Гулу лола шуд анҷуман дар Бадахшон.
Ҳама масту мафтуни ҳусни баёнаш,
Шакарбез бошад сухан дар Бадахшон.
Ба ҳар сафҳаи санг хонӣ нишоне,
Зи фарҳанги мулки куҳан дар Бадахшон.
Дили кӯҳҳо лаъл шуд аз муҳаббат,
Чи некӯст меҳмон шудан дар Бадахшон.
Хушо Носири Хисрави покдинаш,
Ки ҷовид дорад ватан дар Бадахшон.
Бузурги замон чун назар дорад он ҷо,
Нигар фарри фарҳангу фан дар Бадахшон.
Зи ширинии дилбарони бадахшӣ,
Бувад ҳар ҷавон Кӯҳкан дар Бадахшон.
Ҷаҳон аз баландӣ чӣ сон менамояд?
Бипурсед аз марду зан дар Бадахшон.
Дар водии Вахон
Шаб ришта-ришта аст дар водии Вахон,
Одам фаришта аст дар водии Вахон.
Наврӯзи ҳафтранг дар тахтаҳои санг,
Фирдавс киштааст дар водии Вахон.
Ҳар шеваи сухан, чашму лабу даҳан,
Аз гул сириштааст дар водии Вахон.
Номуси марду зан дар Қалъаи куҳан,
Санги набишта аст дар водии Вахон.
Дар нури моҳтоб, дар мавҷпӯши об,
Шаб ришта-ришта аст дар водии Вахон.
Бо рӯҳи содааш, рӯйи кушодааш,
Одам фаришта аст дар водии Вахон…
Мақоми Ишкошим
Зи Ишкошим омӯзем оини ватандорӣ,
Ки шабро рӯз месозад ба бебокию бедорӣ.
Ватанро дидбонӣ мекунад ҳар теғаи кӯҳаш,
Ба сангаш мекунад марзи Ватанро сангдеворӣ.
Зиҳӣ, эй пири сарҳад, пири пуртадбири Ишкошим,
Ки дар сад соли умрат марзро холӣ набигзорӣ,
Зу рӯйи хатти номуси ту ҳаргиз нагзарад душман,
Набошад бим агарчи нест ин ҷо хатти симхорӣ.
Зиҳӣ, эй моҳи кишвар, духтари маъсуми Ишкошим,
Зи ҳар офат нигаҳбони ту бошад Ҳазрати Борӣ.
Ту ҳам ҳамшираи ҳамшири сарбози Ватан ҳастӣ,
Ки ӯро ширчой овардаӣ рӯзи парасторӣ.
Дар ин ҷо ҳар зану ҳар мард ҷузъи марзбонон аст,
Ва ҳар кӯдак ба кори марзбонӣ мекунад ёрӣ…
Ва рӯди Панҷ ҳам сар мекашад аз қалби Ишкошим,
Барои марзбонӣ, қад-қади марзи Ватан ҷорӣ.
Сафедори Хоруғ
Нигини Бадахшонзамин аст Хоруғ,
Ба тоҷи Бадахшон нигин аст Хоруғ.
Агар рӯҳ бо кӯҳ ҳамсанг бошад,
Ҳамин аст, оре, ҳамин аст Хоруғ.
Ба ҳар чор фаслаш фалак нилгун аст,
Зи ҳар чор сӯ нозанин аст Хоруғ.
Чӣ гӯем аз мардуми покрӯяш,
Ки бо ахтарон ҳамнишин аст Хоруғ.
Ҳама чиз ин ҷо наҷибу баланд аст,
Ки наздики чархи барин аст Хоруғ.
Сафедораш аз осмон об гирад,
Агарчанд худ дар замин аст Хоруғ…
Хотираи Ванҷ
Атри зилол роиҳаи бӯстони Ванҷ,
Боғи биҳишт пешкаши меҳмони Ванҷ.
Сангаш ҳама зумурраду ёқуту мармар аст,
Аз чормағзу тути мавиз аст нони Ванҷ.
Ванҷови мавҷпӯш, ки чун шир медамад,
Ҷорист бо дуои шаби модарони Ванҷ.
Ҳар пир пири ҳикмату ҳар кӯй кӯйи дӯст,
Меҳроби ишқ гӯшаи ҳар хонадони Ванҷ.
Бар ростии арари садсолааш қасам,
К-аз ростист гавҳари озодагони Ванҷ.
Шерози маҳфилаш ҳама лутфу латифа аст,
Ҷовид бод мардуми ширинбаёни Ванҷ!
Симои хусравонаву фарҳанги хусравӣ,
Аз Рустам аст рӯҳу раги ҳар ҷавони Ванҷ.
Ҳаргиз ғубори хоки заминро надидааст,
Он шонаи баланди ҷаҳонпаҳлавони Ванҷ.
Тарсам, ки бутпараст шавад марди порсо,
Чун бигзарад ба кӯйи накӯи бутони Ванҷ.
Эй дил, агар зи ғуссаи офоқ хастаӣ,
Себе бигир аз сари дастурхони Ванҷ…
Пойи Мазор пойи баланди саодаташ,
Мавлои Садру Бадри Валӣ посбони Ванҷ.
Чун осмон ба қуллаи ӯ такя мезанад,
Ё Раб, ситоразор бувад осмони Ванҷ!
Рӯшони рӯшан
Моҳ дар Бартанги Рӯшон рӯшан аст,
Шом бо оҳанги Рӯшон рӯшан аст.
Лаъл мерезад ба пойи меҳмон,
Санг андар санги Рӯшон рӯшан аст.
Мардуми рӯшандилу рӯшанзамир,
Ҷавҳари фарҳанги Рӯшон рӯшан аст.
Сарбаландии табори кӯҳсор,
Дар нигоҳу нанги Рӯшон рӯшан аст.
Лолааш шабро чароғон мекунад,
Дафтари аржанги Рӯшон рӯшан аст.
Шод бош, эй сарзамини рӯшанӣ,
Рӯйи Рӯшон, ранги Рӯшон рӯшан аст.
Хотираи Шуғнон
Диёри гули ҳафтранг аст Шуғнон,
Ба ҳар чор фаслаш қашанг аст Шуғнон.
Дили зиндаву рӯҳи озода дорад,
Таҷаллии номусу нанг аст Шуғнон.
Ба он вусъати дидгоҳе, ки дорад,
Мапиндор водии танг аст Шуғнон.
Ба чашмони обию нози бадахшӣ,
Худоро, ки рашки Фаранг аст Шуғнон.
Ҷавонаш магар гурдаи шер дорад,
Ва ё ошёни паланг аст Шуғнон?
Чунин гуфт Фирдавсии «Шоҳнома»,
Ки дар разм пилу наҳанг аст Шуғнон…
Дареғо, ки Барсеми сабзаш хазон шуд,
Дилозурдаи сели санг аст Шуғнон.
Дар ин ҷо мусибат ҳам оҳанг дорад,
Рубоби бадахшӣ ба чанг аст Шуғнон.
Чунон қуллаи кӯҳсораш баланд аст,
Ки гӯйӣ ба гардун ба ҷанг аст Шуғнон.
Гувоҳи азим аст оби зулолаш,
Ки покиза аз захму занг аст Шуғнон.
Диёри гули ҳафтранг аст Шуғнон,
Қашанг аст, оре қашанг аст Шуғнон.
Дарвоз ва Карон
Қадри ҳар санг чу фарҳанг гарон аст ин ҷо,
Чашми ҳар хишт чу модар нигарон аст ин ҷо,
Чи азиму чи қадиму чи ҷавон аст ин ҷо,
Ва қадамгоҳи баланди падарон аст ин ҷо,
Осмоншаҳри биҳиштии Карон аст ин ҷо!
Асрҳо буд башар маҳди Авасто меҷуст,
Асари қиблаи Зардушт ба ҳар ҷо меҷуст,
Ба дили хоки сияҳ ҳалли муаммо меҷуст,
Варақи аввали таърих аён аст ин ҷо,
Осмоншаҳри биҳиштии Карон аст ин ҷо!
Хасм мехост, ки таърихи ту кӯтоҳ кунад,
Ҷойгоҳи ту ба худ нисбату ҳамроҳ кунад,
Ва башарро ба чунин васваса гумроҳ кунад,
Радди ҳар фитнаи ин фитнагарон аст ин ҷо,
Осмоншаҳри биҳиштии Карон аст ин ҷо!
Дӯш аллома Қаноат, ки бузург он бошад,
Гуфт маънии Карон «шаҳри бузургон» бошад,
Ба масал, «карнай»-у «карруфар» аз ин сон бошад,
Санади карруфари мулки Каён аст ин ҷо,
Осмоншаҳри биҳиштии Карон аст ин ҷо.
Дошт тоҷик аз аввал хату унвони баланд,
Ватанаш шаҳри баланду дару девони баланд,
Кӯҳ бар кӯҳ ниҳоданд ниёгони баланд!
На ба таъбир, ба ҳақ, Боми Ҷаҳон аст ин ҷо,
Осмоншаҳри биҳиштии Карон аст ин ҷо.
Таронаи Бадахшон
Нурест дар ҷабини Бадахшон,
Файзест дар замини Бадахшон.
Оби равону сеҳри мубин аст,
Гуфтори шаккарини Бадахшон.
Шаҳри баланди отифаҳоӣ,
Ҳам дар замину ҳам ба самоӣ,
Як пора аз биҳишти худоӣ,
Хоруғ, эй нигини Бадахшон.
Дар тору пуди водии Бартанг,
Чангу дафу таронаву оҳанг,
Ҳар хонавода — хонаи фарҳанг,
Рӯшони нозанини Бадахшон.
Эй модари шаҳомати Помир,
Хоки ҳакиму равзаи шоир,
Шуғнонзамини Чашмаи Носир —
Мавлои покдини Бадахшон.
Ишкошим, эй даричаи гардун,
Моми забону марзи тамаддун,
Оби шифою ганҷи ҳумоюн,
Девори лаълчини Бадахшон.
Эй Роштқалъа, қалъаи ҷовид,
Айвони моҳу хонаи хуршед,
Нахли баланду меваи тавҳид,
Себе дар остини Бадахшон.
Мурғоб, эй қаламрави ҷоду,
Оғози Панҷу модари Ому,
Бурҷи уқобу хонаи оҳу,
Шоҳини тезбини Бадахшон.
Некусиришту моҳҷабинӣ,
Ҳаргиз хазони умр набинӣ,
Эй Ванҷ, эй биҳишти заминӣ,
Меҳроби мармарини Бадахшон.
Дарвоз, эй таровати оғоз,
Дарвоз, эй ниҳояти парвоз,
Дарвоз, эй қаламрави эъҷоз,
Эъҷози аввалини Бадахшон.
Қадде, ки ҳеҷ гаҳ нашавад хам,
Қадре, ки ҳеҷ гаҳ нашавад кам,
Биншаста панҷ қудрати олам,
Чун дев дар камини Бадахшон…
Нурест дар ҷабини Бадахшон,
Файзест дар замини Бадахшон.
Оби равону сеҳри мубин аст,
Гуфтори шаккарини Бадахшон…
Ҷойгоҳи Ватан
Ҷонам, ҷаҳонам, сириштам,
Андешаам, сарнавиштам.
Дар лавҳи поки вуҷудам,
Номи бузургат навиштам.
Рӯҳам, ғурурам, набардам,
Боғам, баҳорам, биҳиштам.
Хишти бинои баландат,
Бо хоку хунам сириштам.
Ишқам, умедам, сурурам,
Кешам, китобам, куништам.
Дар сарзамини замирам,
Ҷуз ёди покат накиштам.
Номам, нишонам, нажодам,
«Шаҳнома»-ам, «Бундуҳишт»-ам.
Ғайри ту ҳар номи дигар,
Аз лавҳи ҷонам биҳиштам.
Тори ҳарири вафоят,
Бо тору пудам бириштам.
Эй модари меҳрборам,
Бахшой ҳар хубу зиштам…
Абдуллоҳ Раҳнамо, сиёсатшинос,
сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон