Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмун эълон менамояд
Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав, хабарнигорони бомаҳорат, журналистони касбӣ, ровиёну барандаҳои боистеъдод ва маҳфилороёни шоу-барномаҳои радио озмун эълон мекунад.
Дар озмун ҷавонписарону духтарони аз 20 то 40- сола, ки дорои маълумоти олӣ мебошанд, иштирок карда метавонанд.
Озмун ба тариқи суҳбат гузаронида мешавад.
Барои иштирок дар озмун доштани маълумоти олии касбӣ ва маҳорати кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ, донистани забони давлатӣ (барои хабарнигорони бахшҳои русӣ, англисӣ, арабӣ ва форсӣ донистани ин забонҳо) ҳатмист. Ба донандагони забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад.
Довталабон бояд ба Комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
ариза;
варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
шарҳи ҳол;
3 дона cурати 3х4;
нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086);
нусхаи шиноснома;
нусхаи гувоҳнома аз мақомоти андоз (РМА);
маълумот аз ВКД барои изи ангуштон.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 40 ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ирсол намоянд.
Телефон барои маълумот: 221-33-13
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз 1 то 25 августи соли 2016.
Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталабоне, ки барои суҳбат иҷозат дода нашудаанд ё аз озмун нагузаштаанд, дар асоси муроҷиати довталаб бо гирифтани забонхат баргардонида мешаванд.








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






