Академияи илмҳои ҶТ: Данғара таърихи 4000 — сола дорад!

Июль 16, 2016 12:37

Душанбе, 16.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи бозёфтҳои ҳафриётии ноҳияи Данғара аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин минтақа беш аз 4 ҳазор сол таърих дорад. Дар ин бора чанд рӯз пеш зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон Фарҳод Раҳимӣ изҳор дошт.
Бино ба гуфтаи ӯ, экспедитсияҳо дар ин минтақа ҳанӯз дар асри гузашта оғоз гардида буданд ва соли гузашта Академияи илмҳо онҳоро аз сар гирифт. «Мо бозёфтҳои худро ба марказҳои байналмилалии илмӣ, аз ҷумла ба Лондон барои муайян кардани вақти амиқи пайдоиши онҳо равон кардем. Вале ҳоло аллакай маълум аст, ки ҳамаи бозёфтҳои мо аз он шаҳодат медиҳанд, ки бозёфтҳои ҳафриётии дар ноҳияи Данғара пайдокарда беш аз 4 ҳазор сол таърих доранд ва ин ҷо бешубҳа анъанаҳои ҳаёти шаҳрӣ вуҷуд доштанд», — зикр кард президенти АИ ҶТ.
Чанде пеш Ф. Раҳимӣ иттилоъ дода буд, ки ду бозёфт аз Данғара дар Олмон баҳои баланд гирифта, нодир арзёбӣ шуданд. «Дар дигар тамаддунҳои Осиёи Марказӣ чунин бозёфтҳо набуданд», — гуфт ӯ.
Бино ба гуфтаи ӯ, олимон бар он назаранд, ки ин идомаи тамаддуни Саразм буда, беш аз 5,2 ҳазор сол таърих дорад ва ҳоло аниқ нест, ки бо кадом омил аҳоли ин шаҳрро тарк кардааст.
Ф. Раҳимӣ таъкид кард, ки ҳадаф аз бозёфтҳои ҳафриётӣ на эълон кардани 4 ҳазорсолагии Данғара, балки ба ҷаҳониён муаррифи кардани тамаддуни қадимаи мардуми тоҷик ва таҳҷоӣ будани тоҷикон мебошад.

Июль 16, 2016 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид