Акбар Маҳмудов, рассом ва дизайнери маъруфи тоҷик аз олам даргузашт
Душанбе, 28.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки 27 июли соли равон Акбар Маҳмудов, рассом ва дизайнери маъруфи тоҷик, саррассоми Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Раиси Иттифоқи дизайнерони вилояти Суғд, Корманди шоистаи Тоҷикистон дар синни 55-солагӣ ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашт.
Зиндаёд Акбар Маҳмудов Донишкадаи олии ба номи В.И.Немирович-Данченкои шаҳри Москваро хатм намудаст. Ӯ нозукиҳои санъати театриро аз беҳтарин рассомони он давр омӯхта, ба театри тоҷик назария, ғоя ва мактаби нави худро ворид кардааст.
Мавсуф дар тӯли фаъолияти эҷодии худ зиёда аз 110 асарро рӯи саҳна овардааст, ки аксари онҳо дар театрҳои мамлакат ва хориҷи кишвар саҳнавӣ шудаанд.
Ҳамзамон, Акбар Маҳмудов саррассоми аксари чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ буда, 1150-солагии бузургдошти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент, ҷашни Ваҳдат ва ифтитоҳи варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд, тантанаи Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар Боғи Миллӣ, ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, тантанаи оғози нақби Шаҳристон, ороишоти ҷаласаҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ва намоиши «Корвони Наврӯз-2016» аз ҷумлаи беҳтарин намунаи ҳунари ӯ мебошанд.
Мавсуф муаллифи лоиҳаҳои яке аз иншооти барҷастатарини ҷумҳурӣ, аз қабили Маҷмааи фаввораҳо бо муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва ҳавзи шиноварӣ, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, ороиши толори «Иҷлосияи тақдирсоз» ва толори «Тоҷикистони соҳибистиқлол» дар осорхонаи навбунёди Қасри Арбоб ва ҳамзамон муаллифи ороиши ҷашнии 20- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ буда, дар тармиму ороиши Қасри Арбоб саҳми арзанда гузоштааст.










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






