Ҳамаи мураббиёни дастаи «Истиқлол» ба истеъфо фиристонида шуданд
Душанбе, 11.07.2016 /НИАТ «Ховар»/. Роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» рӯзи 10 июл бо тасмими худ ҳамаи мураббиёни дастаро ба истеъфо фиристодааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ин тартиб, Мубин Эргашев — сармураббии дастаи «Истиқлол” ҳамроҳ бо ёваронаш аз вазифаашон барканор шудаанд. Ҳамакнун қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистонро ба нимаи дувуми мавсими имсолаи футбол ситоди нави мураббиён омода хоҳад кард.
Дар ин бора ба «Озодӣ” Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи «Истиқлол”, рӯзи 11 июл хабар дод. Ӯ гуфт, ки номи сармураббии нави «Истиқлол» ва ёваронаш рӯзҳои наздиктарин эълон хоҳад шуд.
Дар мавсими имсолаи футбол «Истиқлол», қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015, ки дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон 3 апрел дар Варзишгоҳи «Металлург”-и шаҳри Турсунзода бар «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии кишвар, бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, барои бори шашум Ҷоми олии Тоҷикистонро ба даст овард.
«Истиқлол” дар давраи аввали мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ бо 23 имтиёз ғолиб шуд ва ҳоло ягона дастаест, ки бохт надорад.
Вале «Истиқлол” имсол дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар гурӯҳи «В” бо як имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқот маҳрум гашт.








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






