Ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ симои Қурғонтеппаро дигаргун месозад

Июль 2, 2016 12:56

Душанбе. 02.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми сайру гашт дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Қурғонтеппа  маро эҳсоси ифтихор ва фараҳмандӣ  аз ободкориву шукуфоии   Ватан фаро гирифт.  Қурғонтеппа, ки як гӯшаи  Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, бо маром симояшро дигар намуда, қомат афрохтани  биноҳои баландошёнаи замонавӣ,  марказҳои хизматрасониву савдо дар он шаҳрро боз ҳам ободу  зебо ва  сарсабзу хуррам гардонидааст. Боварам комил аст, ки  то ҷашни  25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди истифода қарор гирифтани иншоотҳои  нав  маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қурғонтеппаро куллан дигаргун хоҳад кард.  Дар айни ҳол  дар шаҳри Қурғонтеппа сохтмони 12 адад иншооти ҷашнӣ  бо харҷи 119 миллион сомонӣ бо суръат идома доранд.
Тавре ки Ҳомид Мадалиев, сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа иттилоъ дод,  аз тарафи раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон бо маблағи 24 миллион сомонӣ дар хиёбони Ваҳдат сохтмони Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоят  дар арафаи анҷомёбӣ  қарор дошта,  дар маҳаллаи Маданияти шаҳр бо харҷи 12 миллиону 667 ҳазор сомонӣ  сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1240 хонанда ва дар кӯчаи Дӯстии халқҳо  як мактаби замонавии дигар барои 1200 хонанда ба харҷи 12 миллион сомонӣ бо суръат идома доранд.
«Дар шаҳри Қурғонтеппа  дар кӯчаи ба номи  С. Айнӣ  сохтмони бинои истиқоматии 15-ошёнаи дорои 112 ҳуҷра бо ташкил намудани маркази хизматрасонӣ дар ошёнаи якум  ва боғчаи бачагона барои 120 кат дар ошёнаи дуюм бо маблағи беш аз 37 миллион сомонӣ ва дар кӯчаи ба номи Н. Ҳувайдуллоев сохтмони бинои истиқоматии 5-ошёна бо маблағи 6 миллиону 629 ҳазор сомонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта,  бо дастгирии соҳибкорони шаҳр сохтмони бинои 9-ошёна дар хиёбони Ваҳдат бо маблағи зиёда аз 8 миллион сомонӣ, Маркази саломатӣ дар кӯчаи С. Айнӣ бо харҷи 4 миллиону 630 ҳазор сомонӣ давом доранд»,-афзуд манбаъ.
Ҳ.Мадалиев  ҳамчунин  хабар дод, ки сохтмони 2 адад бинои синфхонаҳои иловагии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар кӯчаи Дӯстии халқҳо бо харҷи наздик ба 8 миллион сомонӣ, маҷлисгоҳ ва варзишгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳри Қурғонтеппа бо маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ, Кохи фарҳанг ва Маркази иттилоотӣ ба маблағи як миллиону шашсаду ҳафт ҳазор сомонӣ ҷараён доранд ва баъди ба истифода додани иншооти мазкур  500 нафар бо ҷойи нави корӣ  таъмин мегарданд.

Июль 2, 2016 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид