Ҷавононро зарур аст, ки дар ободонии диёри аҷдодӣ саҳми худро гузоранд
Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб вохӯрии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷавонон, донишҷӯён, варзишгарон, дружиначиёни ихтиёрӣ ва гурӯҳи «Пешоҳанг» дар минтақаи Кӯлоб доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, дар чорабинӣ зикр гардид, ки вохӯрии имрӯза, ки дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҷавонони мамлакатро бо ҳам муттаҳид намуд. Ҷавонон бо кору фаъолият, мавқеъ ва саҳми худ дар рушду инкишофи ҷомеа метавонанд барои ободию гулгулшукуфии мамлакат корҳои бузургро ба анҷом расонанд.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода оид ба нақши созандаи ҷавонон дар рушду нумуи кишвар ва пешравию тараққиёт ибрози андеша намуда, зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро баҳри он меандешад, ки насли ояндасози миллат аз тамоми шароит ва техникаву технологияи муосир бархӯрдор гардида, барои омӯхтани илму дониш саъю кӯшиш намояд.
Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат Ҳукумат то имрӯз чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, бояд ҷавонон бо шукргузорӣ аз сулҳу суббот ва неъмати бебаҳои Истиқлолият саҳми босазои худро дар ободонии диёри аҷдодӣ гузоранд.
Дар ҷамъомад аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҷавонон, донишҷӯён, варзишгарон, дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва гурӯҳи «Пешоҳанг», ки бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, саҳми арзандаи худро дар дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ гузоштаанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






