Аз 25 шаҳру ноҳия ҳунарнамоии санъаткорони шаҳрҳои Кӯлобу Вахш беҳтарин дониста шуданд

Июль 11, 2016 14:12

Душанбе. 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Барои ширкат намудан дар  даври  дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб -2016», ки  моҳи августи соли равон  дар шаҳри Душанбе доир мегардад,  аз байни  25  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон санъаткорони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Вахш  роҳхат  гирифтанд.
Аҳли санъату ҳунари шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Вахш  дар айни ҳол барои ширкат намудан дар озмуни ҷумҳуриявӣ омодагӣ мебинанд.
Тӯли чанд сол аст, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» баргузор гардида, соли равон мавзӯъҳои асосии Фестивал-озмуни  мазкурро  намоиши  дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил додааст.

Июль 11, 2016 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд