Насби терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдову хизматрасонӣ ҳатмӣ мешавад

Июль 1, 2016 09:53

Душанбе, 01.07.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре аз Хадамоти матбуоти Бонки миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, рушди бозори кортҳои пардохтӣ ва такмили чунин низоми пардохт дар кишвар яке аз омилҳои муҳими ҳалли масъалаи кам кардани саҳми ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд дар бахши пардохтҳои чакана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.  Дар ин замина, бо назардошти амалияи байналхалқӣ ҷиҳати васеъ намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, танзим ва коҳиш додани муомилоти пули нақд дар амалиётҳои тиҷоратӣ ва хариду фурӯши молу хизматрасонӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 31 декабри соли 2014, таҳти №815 Қарор Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ қабул намуд.
Тибқи қарори зикргашта, муассисаҳои савдою хизматрасонӣ аз ҷумла, нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо, нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ барои пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ, қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ, марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ барои қабули пардохтҳои гумрукӣ, марказҳои савдои чакана ва яклухт, ки толори фурӯшашон зиёда аз 40 метри мураббаъ мебошанд, НФС-ҳо, тарабхонаҳо, беморхонаҳои хусусӣ, дорухонаҳо, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонии ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт, автодромҳо ва ташкилотҳои суғурта ӯҳдадор карда мешаванд, ки барои пардохти арзиши молу хизматрасониҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии ба он баробар дар мӯҳлати нишондодашуда шароити қабули ҳисоббаробаркуниро тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ таъмин намоянд. Барои иҷрои ин амал, муассисаҳои зикргардида ба таври ҳатмӣ бо дастгоҳҳои (терминалҳои) электронии қабули корт, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб карда мешаванд, бояд ҷиҳозонида шаванд.
Ҷиҳати иҷрои Қарори зикргардида Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуданд, ки тибқи он барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ва рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо нисбат ба муассисаҳои савдою хизматрасонӣ муҷозот муқаррар гардидааст.
Аз ҷумла, ба номи моддаи 615 КҲМ ҶТ «Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина» баъди калимаи фискалӣ калимаҳои «терминалҳои электронӣ» илова шуда, бо мазмуни зерин ба моддаи мазкур қисми 4 пешниҳод гардид:
«Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Лоиҳаи мазкур, санаи 6 апрели соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди муҳокимаву баррасӣ дастгирӣ ёфта, тағйиру иловаҳои зерин ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 майи соли равон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо гардид.
Инак, муқаррароти моддаи 615 КҲМ ҶТ баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо аз 1-уми январи соли 2017 дар тамоми кишвар мавриди амал қарор дода мешавад.
Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ омодасозии инфрасохтор барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтӣ дар ҷараёни афзуншавӣ қарор дорад. Ба санаи 1 июни соли 2016 шумораи дастгоҳҳо (терминалҳои электронӣ), ки барои пардохт дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасониҳо истифода мешаванд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,7% зиёд шуда, миқдори умумии онҳо ба 631 адад расидааст.
Мутаассифона, инфрасохтори хизматрасонии кортҳои пардохтӣ асосан дар шаҳри Душанбе бештар роҳандозӣ гашта, вазъ дар минтақаҳои дигари кишвар таваҷҷуҳи бештарро талаб мекунад.
Қобили таъкид кардан аст, ки тағйиру иловаҳои ба моддаи 615 КҲМ ҶТ воридгардида, минбаъд барои шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дар ҳолати саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо, ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ намудааст. Аз ин рӯ, ба соҳибкорон тавсия дода мешавад, ки то 1 январи соли 2017 барои насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ муроҷиат намоянд.

Июль 1, 2016 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд