Бахшида ба 100-солагии Ашӯр Ҳайдаров намоиши мусаввараҳо доир гардид

Июль 20, 2016 11:23

Душанбе, 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии   Ашӯр Ҳайдаров  намоиши мусаввараҳои ин рассоми мониқалам баргузор гардида, дар он зиёиён, намояндагони корпусҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, инчунин омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи санъат ва Коллеҷи рассомии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки Ашӯр Ҳайдаров 14 июли соли 1916 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шуда, соли 1938 Омӯзишгоҳи рассомии ин шаҳрро  бо баҳои аъло хатм намуда, иштирокдори  Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ  (1941-1945) мебошад.
Ашӯр Ҳайдаров соли 1955 ба шаҳри Душанбе омада, ба сифати рассом дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» фаъолият намуда, аз соли 1956 рассоми фонди бадеии Тоҷикистон, иштирокдори  даҳаи адабиёт ва санъат дар шаҳри Маскав, аз соли 1958 аъзои Иттифоқи рассомони ИҶШС буда, соли 1990 ба гирифтани унвони «Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон» ва соли 1991 бо унвони фахрии «Рассоми Халқии Тоҷикистон» мушарраф гардидааст. Мавсуф 21 майи соли 1998 дар шаҳри Душанбе вафот намудааст.
Дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 38 асари Рассоми Халқии Тоҷикистон Ашӯр Ҳайдаров ҳифз ва нигоҳдорӣ карда мешаванд. Дар асарҳои ӯ табиати зебои диёр, симои шахсиятҳои маъруфи таърихи халқи тоҷик, аз қабили Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Мирзо Ризо, Раҳим Ҳошим, ҳаёти рӯзмарраи мардум, ҳунармандон, занон ва табиати зебову нотакрори Тоҷикистон тасвир ёфтаанд.
Мусаввараҳои «Рӯдакӣ дар байни ҳамдиёрон», «Шоир Абдураҳмони Мушфиқӣ дар Бухоро», «Вохӯрии Абӯ Алӣ ибни Сино бо олимони Ҳамадон», «Регистони Самарқанд», «Симои Арӯс», «Озодшавӣ аз зиндон», «Фаранҷипартоӣ», «Раиси колхоз Мирзо Ризо», «Афтодани Аморат», «Мумфарш намудани роҳ» ва як зумраи дигар ба қатори шоҳкориҳои ҳунари тасвирии муосири тоҷик дохил шудаанд.
Наққоши чирадаст кӯшиш кардааст, ки бо тобиш ва таносуби рангҳо табиати зебои диёр ва олами ботинии қаҳрамонҳои асарҳояшро ифода намояд.
Осори Ашӯр Ҳайдаров дар осорхонаҳои Маскав, Санкт-Петербург, Омск, Воронеж, Самарқанд ва дигар шаҳрҳо ба намоиш гузошта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши асарҳои Рассоми Халқии Тоҷикистон Ашӯр Ҳайдаров то  1 августи соли 2016 идома меёбад.

Июль 20, 2016 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст