Барои кадрҳои роҳбарикунанда курсҳои такмили ихтисос ташкил карда шуд

Июль 25, 2016 11:45

Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.   Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи хотимавии Лоиҳаи GIZ GOPA «Дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон-ҷузъи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» доир гардид.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар доираи ин лоиҳа  дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод, Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе, Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент, Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ва Литсейи касбии  политехникии шаҳри Душанбе барои ихтисосҳои фермер- соҳибкор, нонпаз- қаннод, васлгари барқии таҷҳизоти баландшиддат, мошинисти дастгоҳҳои пармакунӣ ва болобарандаи нефту  газ дараҷаи 4, ташкилотчии сайёҳӣ, коркардкунандаи матоъ заминаҳои моддию техникӣ ташкил карда шуда, утоқҳо бо таҷҳизоти таълимӣ ва ашёву аёниятҳои дарсӣ таъмин карда шуданд.
0-02-01-f4f87c600468c1abc09df423c0676626ff33fe8481f31058e575bef77c91d412_fullҲамзамон дар доираи ин лоиҳа мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ барномаҳоро барои тайёр намудани тренерҳо  ва гузаронидани такмили ихтисос  омода намуда, аз рӯи барномаи тасдиқшуда 4 нафар директорон ва 9 нафар муовинони директори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ курси такмили ихтисоси 18- рӯза гузаштанд. Бояд гуфт, ки  дар давоми солҳои 2015-2016 чунин курсҳои такмили ихтисос барои тамоми кадрҳои роҳбарикунанда, методистон, кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ройгон гузаронида шуданд.

Июль 25, 2016 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ