Бинои маъмурии Кумитаи идораи замин дар ВМКБ баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Июль 2, 2016 11:14

Душанбе, 02.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили бошукӯҳи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун, аз қабили корхонаҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, иншооти маданию маишӣ, толорҳои варзишию нуқтаҳои солимгардонӣ ва меҳмонхонаю дигар марказҳои фароғатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Бинои Кумитаи идораи замин  дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ аз ҷумлаи иншооте мебошад, ки баъди таъмири асосӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин бино муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ВМКБ иштирок намуда,  аз шароити муҳаёшуда ва дастгоҳҳои замонавии муҷаҳазгашта дидан намуданд.
Барои азнавсозӣ ва таъмири пурраи бинои Кумитаи идораи замини вилоят аз ҳисоби маблағҳои худии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар ин бинои хушсохти замонавӣ 50 нафар кормандону мутахассисони Кумитаи идораи замини ВМКБ, Кумитаи идораи замини шаҳри Хоруғ, Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ВМКБ, Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Хоруғ ва Корхонаи воҳиди давлатии Аэрогеодезияи Бадахшон бо таҷҳизоти муосири аэрогеодезӣ фаъолият хоҳанд кард.
Дар бинои нав барои беҳтар намудани фаъолияти кормадон 22 адад компютер ва дастгоҳҳои замонавии соҳавӣ харидорӣ ва муҷаҳаз шудаанд. Барои таъмини шароити беҳтари фаъолияти мутахассисон 3 адад мошини сабукрави хизматӣ ба ноҳияхои Мурғоб, Роштқалъа ва Хоруғ туҳфа карда шуд.
Зимни сухбат бо мутахассисон гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳо андешида мешаванд, то ин ки шароити кори кормандон дар маҳалҳо хубу беҳтар ва ба талаботи давру замон мутобиқ гардонида шавад.
Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдат ва дар арафаи иди умумимиллӣ 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ шудани бинои маъмурии Кумитаи идораи замин дар ВМКБ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони соҳа дар вилоят гардид.

Июль 2, 2016 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад