Дар Астрахан ба Умар Хайём ҳайкал гузоштанд

Июль 7, 2016 14:24

Душанбе, 07.07.2016 / АМИТ «Ховар» /. Аввалҳои моҳи июл дар Астрахан муҷассамаи шоири тоҷику форс Умар Хайём, ки қаблан ба шаҳр оварда шуда буд, насб гардид. Ин ҳайкали биринҷӣ дар Урал сохта шуд ва 2,5 ҳазор километрро дар роҳҳои Русия тай кард.
Бино ба иттилои портали «Каспийские новости», маросими расмии ифтитоҳи муҷассама дар моҳи августи соли ҷорӣ баргузор мешавад. Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтароши Челябинск- Сергей Воробёв эҷод шудааст, ки шахсан дар ҷараёни насби офариниши худ дар шаҳри Астрахан ҳузур дошт. Ин кор бо фармоиши Палатаи савдои остони Гилони  Эрон, ки қаблан бо ҳайкалтарош қарордод баста буд, анҷом ёфт.
Хайям-2То маросими пуршукӯҳи ифтитоҳ  муҷассама  бо як матои тираранг пӯшонида мешавад. Бинобар ин танҳо дар моҳи август мардуми Астрахан метавонанд бубинанд, ки симои шоири бузурги форсу тоҷик чи гуна офарида шудааст.
Баландии ҳайкали биринҷӣ бо вазни 1,5 тонна 4 метрро ташкил медиҳад. Вай дар корхонаи  шаҳри Екатеринбург офарида шуда, дар як қуттии махсус бо мошин ба Астрахан интиқол гардид. Ҳамин тариқ, Хайём то расидан ба пойтахти вилояти Астрахан 2,5 ҳазор километрро дар Русия сафар кард.
Дар насби муҷассама ҳамчунин, консули генералии Эрон дар Астрахан Алӣ Муҳаммадӣ ва раиси Палатаи савдои Гилон Ҳодӣ Тезҳуш ширкат варзиданд.

Июль 7, 2016 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид