Дар деҳоти Қиблаӣ китобхонаи наву замонавӣ бунёд мегардад
Душанбе, 16.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи Ҷамоати деҳоти «Қиблаӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ тасмим гирифтааст, ки барои деҳаҳои дурдасти ҷамоат Китобхонаи сайёр ташкил намояд.
Тавре сомонаи расмии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад, китобҳо тибқи низоми китобдорӣ ба феҳрист дохил карда шуданд, то хонанда онро зуд дастрас карда тавонад. Дар натиҷаи муроҷиати роҳбарияти ноҳия ва китобхона ба муассисаҳои таълимиву иҷтимоӣ ба китобхона китобҳои нав оварда шудаанд. Алҳол дар хазинаи китобхона 5472 нусха китоб мавҷуд аст ва шумораи хонандагони фаъол ба 500 нафар мерасад.
Айни замон бинои китобхонаи деҳоти мазкур ҷавобгӯи талабот набуда, толори хониш надорад. Роҳбарияти ноҳия ва Китобхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ тасмим гирифтааст, ки барои бунёди китобхонаи наву замонавӣ дар деҳоти Қиблаӣ нақшаи сохтмони онро тарҳрезӣ намояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






