Дар минтақаи Зарафшон наҷотдиҳандагони кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ машқҳои омӯзишӣ мегузаронанд
Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар кӯҳҳои Фони водии Зарафшон машқҳои омӯзишии сохторҳои наҷотдиҳандагони кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ин ниҳод Умеда Юсупова хабар дод, машқҳо бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи омодагии касбӣ ва ҷисмонии наҷотдиҳандагон ташкил гардидааст, ки аз ҷониби мураббиён-кормандони раёсати омодасозии наҷотдиҳандагони КҲФ гузаронида мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ширкаткунандагон дар ҷараёни омӯзиш вижаҳои табиати кӯҳии маҳал, тавсифномаи унсурҳои гуногуни таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ва тактикаи баргузории корҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳиро дар шароитҳои баландкӯҳро аз бар мекунанд.
Бештари вақти омӯзишӣ дарсҳои амалианд ва дар ҷараёни ин дарсҳо такмили малакаҳо ҳангоми ҳамлу нақли ҷабрдидагони шартӣ бо ёрии воситаҳои кумаккунанда дар хамгашту нишебиҳо дар назар аст. Ҳамчунин шеваҳои убур аз дарёҳои куҳӣ ва дарраҳо машқ карда мешаванд.
Дар қисмати таҷрибавии дарсҳои омӯзишӣ болошудан ба қуллаи Аловуддин, ки баландии он наздик ба 4000 метр аз сатҳи баҳр мебошад, дар назар гирифта шудааст.
Машқҳо то 31 июли соли равон идома хоҳанд ёфт.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






