Дар минтақаи Зарафшон наҷотдиҳандагони кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ машқҳои омӯзишӣ мегузаронанд

Июль 25, 2016 17:57

Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар кӯҳҳои Фони водии Зарафшон машқҳои омӯзишии сохторҳои   наҷотдиҳандагони кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ин ниҳод Умеда Юсупова хабар дод, машқҳо бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи омодагии касбӣ ва ҷисмонии наҷотдиҳандагон ташкил гардидааст, ки аз ҷониби  мураббиён-кормандони раёсати омодасозии наҷотдиҳандагони КҲФ гузаронида мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ширкаткунандагон дар ҷараёни омӯзиш вижаҳои табиати кӯҳии маҳал, тавсифномаи унсурҳои гуногуни таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ва тактикаи баргузории корҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳиро дар шароитҳои баландкӯҳро аз бар мекунанд.
Бештари вақти омӯзишӣ дарсҳои амалианд ва дар ҷараёни ин дарсҳо такмили малакаҳо ҳангоми ҳамлу нақли ҷабрдидагони шартӣ бо ёрии воситаҳои кумаккунанда дар хамгашту нишебиҳо дар назар аст. Ҳамчунин шеваҳои убур аз дарёҳои куҳӣ ва дарраҳо машқ карда мешаванд.
Дар қисмати таҷрибавии дарсҳои омӯзишӣ болошудан ба қуллаи Аловуддин, ки баландии он наздик ба 4000 метр аз сатҳи баҳр мебошад, дар назар гирифта шудааст.
Машқҳо то 31 июли соли равон идома хоҳанд ёфт.

Июль 25, 2016 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст