Дар ноҳияи Б. Ғафуров 17 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолият доранд
Б. Ғафуров, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз калонтарин ноҳияҳои шимоли кишвар Бобоҷон Ғафуров баҳри соҳибкасб намудани занону духтарони хонашин ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо корҳои назаррас анҷом дода шудааст.
Дар айни замон дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 17 маркази дӯзандагӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 160 адад мошинаҳои дарздӯзӣ насб гардида, 200 нафар занон ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар ҳудуди ноҳия 17 маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 128 адад дастгоҳҳо насб гардидаанд. Ин марказҳо 172 нафар занону духтаронро ба шуғли доимӣ фаро мегирад, ки то ба имрӯз аз ҷониби онҳо 4810 метр матоъ истеҳсол шудааст.








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






