Дар Рио-де-Жанейро Деҳаи олимпӣ таъсис ёфт

Июль 25, 2016 10:31

Душанбе, 25.07.2016./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия Деҳаи олимпӣ, ки дар он варзишгарон ҳангоми Бозиҳои XXХI тобистонаи олимпӣ зиндагӣ мекунанд,  ифтитоҳ ёфт. Дар ин бора агентии АР хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, маҷмуаи истиқоматӣ аз 31 бино ва 3600 манзили истиқоматӣ иборат буда, барои беш аз 28 ҳазор нафар одамон пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, ки дар ин ҷо 10500 варзишгар ва 7000 аъзои ҳайатҳои вакилони дастаҳои мунтахаби кишварҳо зиндагӣ мекунанд.

Дар ҳудуди Деҳаи олимпӣ майдонҳои теннис, майдонҳои футбол, ҳафт ҳавзи шиноварӣ, дармонгоҳ, толори тренажёрӣ ҷойгир шудаанд.   Масоҳати ошхонаи Деҳаи олимпӣ ба се майдони футбол баробар аст. Барои варзишгарон ғизои миллии бисёр кишварҳо пешкаш мешавад.

«Ман мехоҳам ба ҳамаи варзишгарон дар сатҳи олӣ хидмат бикунам, — мегӯяд муовини сардори раёсати маҷмуа Пристсилла Антонелло. —Яке аз вазифаҳои душвортарин ин омода кардани ғизост. Мо мекӯшем ҳар як варзишгар чизеро ки мехоҳад, ҳамонро бихӯрад».

Ҳаҷми маблағи сохтмони деҳаи олимпӣ 1,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Зикр шудааст, ки маблағгузори лоиҳа Карвалю Хоскен ба иллати вазъи номусоиди иқтисодӣ дар кишвар зарари хеле зиёд дидааст.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ аз 5 то 21 августи соли равон дар Рио-де-Жанейро баргузор мешаванд. Ин аввалин Бозиҳои олимпӣ дар Америкаи Ҷанубӣ ба ҳисоб мераванд.

 

Июль 25, 2016 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд