Дар Сангвор имсол дар майдони 2435 гектар ғалладона ва картошкаю сабзавот кишт намуданд

Июль 21, 2016 10:03

Сангвор, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Сангвор яке аз минтақаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, зиёда аз 70 дарсади аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд.
Имсол кишоварзон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 2435 гектар, аз ҷумла 1648 гектар ғалладонагӣ, 122 гектар сабзавот ва 630 гектар картошка кишт намудаанд. Айни замон нашъунамои картошка хуб аст. Деҳқонони ноҳия азм доранд, ки бо фароҳам омадани обу ҳавои мусоид аз ҳар гектар картошказор то 500 сентнер ҳосил ба даст оранд.
Кишоварзони ноҳия то имрӯз 503 тонна гӯшт, 1345 тонна шир ва 605 ҳазор дона тухм истеҳсол намудаанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 11 миллиону 651 ҳазор сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 151 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Июль 21, 2016 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ