Дастаи мунтахаби Португалия бе ғалаба ба даври нимниҳоӣ баромад

Июль 1, 2016 09:55

Душанбе, 1.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Португалия муборизаро барои Ҷоми Аврупо-2016 идома медиҳад. Ин дар ҳолест, ки футболбозони ин кишвар аз оғози бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо дар вақти асосӣ ягон дастаро ба мағлубият дучор накардаанд. Се мусовӣ дар гурӯҳи «F» португалиҳоро бо душворӣ ба бозиҳои 1/8 ниҳоӣ роҳхат дод. Голи задаи Рикарду Куарежма дар дақиқаи 117 дар вохӯрӣ бо тими мунтахаби Хорватия ин дастаро ба даври ¼ ниҳоӣ баровард.
Дар вохӯрие, ки шоми дирӯз мунтахаби Португалия дар радифи бозиҳои 1/4 -ниҳоӣ бо тими мунтахаби Лаҳистон барпо кард, барои Роналдо ва ёронаш сараввал мушкилоти зиёдеро ба бор овард. Алакай дар дақиқаи 2 пешвои лаҳистониҳо Роберт Левандовски ҳисобро боз кард. Истеъдоди баланди бозингари ҷавону умедбахши мунтахаби Португалия Ренату Саншеш (Renato Júnior Luz Sanches) дар дақиқаи 33 имкон дод, ки натиҷаро баробар кунад. Ҳисоби баробарӣ то анҷоми бозӣ тағйир наёфт ва барои муайян кардани ғолиб силсилаи зарбаҳои 11- метраи баъдибозӣ таъин шуданд.
Ҳарчанд мутахассисони футбол ғалабаи дастаи мунтахаби Лаҳистонро дар ин вохӯрӣ пешгӯӣ карда буданд, толеъи тими мунтахаби Португалия баландӣ кард ва бо ҳисоби 5:3(1:1) ғолиб омад.
Натиҷаи зарбаҳои пеналтӣ:

Роналду (0:1).
Левандовски (1:1).
Саншеш (1:2).
Милик (2:2).
Моутиню (2:3).
Глик (3:3).
Нани (3:4).
Блашиковски (3:4 — дарвозабон).
Куарежма (3:5).

Июль 1, 2016 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад