Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Сурия ва Туркманистон бозиҳои дӯстона барпо мекунад

Июль 24, 2016 19:06

Душанбе, 24.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрӣ байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурия рӯзи 27 август дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд мегузарад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Варзишгоҳи мазкур дорои 25 ҳазор ҷои нишаст мебошад. Мувофиқи раддабандии охиринтишоршудаи ФИФА мунтахаби Сурия мақоми 104-умро ишғол мекунад. Рӯзи 1-уми сентябр мунтахаби Сурия дар доираи бозиҳои даври якуми марҳилаи сеюми квалификатсионии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар Тошканд бо мунтахаби Узбекистон вомехӯрад.

Инчунин, мунтахаби Тоҷикистон бо Туркманистон, ки дар раддабандии ахирии ФИФА дар ҷои 120-умро ишғол мекунад, бозии дӯстона хоҳад кард. Ин бозӣ рӯзи 9 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Ба ғайр аз бозиҳо бо Сурияву Туркманистон дружинаи Ҳаким Фузайлов ду бозии дӯстона бо мунтахаби Фаластин мегузаронад. Мунтахаби Фаластин дар раддабандии ФИФА дар мақоми 114-ум қарор дорад. Бозии якум бо Фаластин рӯзи 6 сентябюр дар варзишгоҳи «Дура» дар Хеврон ва бозии дуюм рӯзи 3-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳанд шуд.

Бозӣ бо мунтахаби Афғонистон, ки баргузории он рӯзи 1-уми сентябр дар Варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода ба нақша гирифта шуда буд, бо хоҳиши тарафи Афғонистон ба вақти дигар гузаронида шуд.

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ:

27 август (шанбе)

ТОҶИКИСТОН – Сурия

Хуҷанд,варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

6 сентябр (сешанбе)

Фаластин – ТОҶИКИСТОН

3 октябр (душанбе)

ТОҶИКИСТОН – Фаластин

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

9 ноябр (чоршанбе)

ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Хеврон,варзишгоҳи «Дура»

Июль 24, 2016 19:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд