Деваштич: Кормандони милиса барои хизматҳои софдилонаашон қадрдонӣ мегарданд
Душанбе, 25.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати сипос ва қадршиносии хизматҳои беназири кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятиву амнияти кишвар бинои нави ёрирасон барои афсарону кормандони ин мақомот сохта мешавад.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ва НТҶҶ «Созандагони Ватан» бо мақсади шинос шудан аз рафти корҳои сохтмонӣ аз он дидан намуданд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич иттилоъ доданд, соли 2015 корҳои ободонию муҷаҳҳазгардонӣ ва таъмири бинои асосии ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо ҳиссагузориҳои ҳайати шахсӣ ба роҳ монда шуда, соли равон бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои нави ёрирасони он оғоз гардидааст. Дар ин бунёдкорӣ саҳми соҳибкорони саховатпешаи ноҳия низ дар баробари дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳиссагузориҳои ҳайати шахсӣ назаррас аст. Бино бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, аз як долони барҳаво, ҳаммом, хонаи истироҳатии бо тамоми таҷҳизоти фароғатӣ муҷаҳҳаз, аз як ошхонаву хонаи хӯрокхӯрӣ ва як хобгоҳ барои 20 нафар кормандон иборат аст.
«Ҳар як корманди масъули шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич дар иҷрои вазифаҳояшон масъулиятшинос ва нисбат ба худ серталаб буда, бо эҳсоси баланди таъмини тартиботу амнияти диёру кишвар барои халқу Ватан адои хизмат намуда истодаанд. Маҳз кордонию сермаҳсулии онҳо, ҳамкориашон бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва аҳли ҷамоатчигӣ, инчунин дар байни аҳолӣ хуб ба роҳ монда шудани корҳои фаҳмондадиҳиву профилактикӣ ба шуъбаи мазкур имконият дод, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия сол ба сол паст гардида, сатҳи кушодашавии онҳо сад фоизро ташкил диҳад. Айни ҳол фазои ноҳия орому осуда буда, ҳар як сокин ва меҳмони ноҳия имконият доранд, ки бо рӯҳияи болидаву хотири ҷамъ дар кӯчаву хиёбонҳои он сайругашт намуда, кору фаъолият намоянд»,-иброз дошт манбаъ ва илова намуд, ки моро месазад, ки хизматҳои чунин фарзандони халқу Ватанро қадр намуда, баҳри фароғати онҳо низ ҳисса гузорем ва дар кори пуршарафи онҳо дасти ҳамкорӣ дароз намоем.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






