Дилшод Назаров – парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Рио-2016!
Душанбе, 16.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия интихоб шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуотии КМО Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин тасмим дар ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), ки имрӯз, 16-уми июл дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи КМОТ барпо гардид, гирифта шуд.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-при оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дуввумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд. Олимпиадаи навбатӣ барои Дилшод Назаров чорумин ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки пеш аз оғози кори ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии КМОТ варзишгарон Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (гуштии дзюдо) ва Анвар Юнусов (бокс) барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 бо ҷоизаи молии ҶДММ «Ғаюр”, сарпарасти кулли КМОТ, мукофотонида шуданд. Ҷоизаҳоро ба ҳарду раҳбари ин ҷамъият Акбар Ғуломов, ки ҳамзамон ноиби президенти КМО ҶТ мебошад, супурд.
Дар ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон фаъолияти КМОТ дар давраи соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016 натиҷагирӣ шуд.
Дар ин бора котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ҳисобот дод. Вай гуфт, ки то имрӯз ҳафт варзишгари Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудаанд.
«Ба ҷуз гурзандоз Дилшод Назаров, паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар риштаи дзюдо, муштзан Анвар Юнусов, шиноварон Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов, даванда Кристина Пронженко дар Олимпиадаи Рио-2016 Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд”, — иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






