Дуои нек ва кору амали хайр хоси иди саиди Фитр аст
Душанбе, 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми табрикӣ ба сокинони мамлакат ба ифтихори иди Рамазон Пешвои миллат чунин изҳор дошт: «Ин моҳ ва иди саиди он одамонро ба иҷрои корҳои хайру савоб, риояи одобу ахлоқи ҳамида ва дароз кардани дасти кумаку ёрмандӣ ба якдигар роҳнамоӣ месозад. Дар ин рӯзи саид аз Парвардигори олам барои мардум ва кишвари худ оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровониро талаб намудан, нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии ҳамдигар ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми мусулмони мост. «Ҳар яки мо ҳамчун пайравони дини поку мубини ислом, бояд дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон сулҳу субот, амнияту ободӣ, рушди устувор ва барои мардуми он хушҳоливу хушбахтӣ ва зиндагии орому осударо сидқан орзу намоем. Ва ба даргоҳи Худованд дуо кунем, ки то моҳу иди Рамазони дигар кишвари биҳиштосо ва мардуми шарифи моро дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад».
Пагоҳ дар саросари Тоҷикистон чун дигар кишварҳои мусулмоннишин Иди саиди Фитр ба таври оммавӣ ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи қарори Шӯрои уламои кишвар пагоҳ, субҳи рӯзи чоршанбе дар тамоми масоҷид соати 6-у 30 дақиқа намози Иди Фитр баргузор мегардад. Баъди намози иди Фитр боздид аз оромгоҳон, даст ба дуою фотиҳа бардоштан дар сари қабри гузаштагон, аёдати пиронсолон, волидайн, беморону барҷомондагон, ятимон, хайру эҳсон намудан ба муҳтоҷон аз рисолатҳои иди Фитр аст.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






