Файзулло Баротзода: «Фарҳанги рӯзадорӣ». Қисмати охирин
Душанбе, 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Агар дар боби фарҳанги Рамазон дар шароити Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухангӯем, пас, бояд эътироф кард, ки ин моҳи табаррук ба фарҳанги миллии мо такомул бахшидааст. Дар мавсими рӯзадорӣ анъанаи тайёр намудани шириниҳо, хӯришҳо, таомҳо ва нӯшобаҳои махсуси рамазонӣ, либосу лавозимот ва баъзе меъёрҳои муносибати иҷтимоии мансуб ба ин моҳ дар тӯли садсолаҳо ташаккулёфта, дар рагу пайванди бофтаҳои фарҳанги миллӣ омезиши некӯ пайдо кардаанд. Оши палови рамазонӣ ва умуман палови тоҷикӣ ба таъбири табиби оламшумул Абӯалӣибни Сино аслан таоми табобатӣ ва парҳезӣ буда, барои тақвияти ҷисме, ки тӯли рӯзидароз лоғару заиф мегардад, бисёр айни муддаост. Шарти асосӣ он аст, ки бояд ин таоми армуғонии тоҷикӣ тибқи меъёрҳои қоидавӣ бо риояи тамоми мураккаб оташ омода гардад. Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» аз шароби мостоба (дӯғ) ёд кардааст, ки аҳли Бухоро онро дар ифтор баъди бо ширинӣ кушодани рӯза тановул мекардаанд. Аммо дар саҳархӯрӣ хӯрдани нахӯдшӯрак маъмул будааст, зеро он шахси рӯзадорро аз ташна мондан нигоҳ медоштааст. Дар ноҳияҳои кӯҳсори Бухорои Шарқӣ ҳам дар мавсими рӯзадорӣ омода намудани хӯроку хӯришҳо аз алафу рустаниҳои кӯҳӣ бисёрмаъмул будааст. Агар мавсими рӯза дар фасли баҳорон рост ояд, алафу рустаниҳо дар шакли тару тоза истеъмол мешуд. Бузургсолон дастур медоданд, ки барои дастурхони ифторӣ бо истифода аз рустаниҳо таомҳои сабуки парҳезӣ омода намоянд, то фоидаи рӯзадорӣ барои обутоб додани ҷисму ҷони сокинон дучанд гардад. Дар байни мардуми манотиқи кӯҳсори Хатлону Бадахшон ва Ҳисору Зарафшон дар шакли хушкшуда захира кардани алафу рустаниҳои баҳорӣ ва гиёҳҳои шифобахш ба ҳукми анъана даромада буд, ки онро бо истилоҳи умумии «завуда» ном мебурданд. Дар фаслҳои дигар ҳам истеъмол кардани завуда дар таом маззаи хуш ва то андозае таъйиноти парҳезӣ доштани алафу гиёҳҳоро барқарор мекард. Пешниҳоди меваи тару тоза барои Рамазон дар ҳамаи фаслҳои сол ба эътибор гирифта мешуд. Кишоварзон роҳу усулҳои бобоии нигаҳдории меваро дар таҳхонаҳои заминӣ хуб медонистанд. Аз ин рӯ, дар ҳолати зарурат хоҳишмандон онро дастрас карда метавонистанд. Тарғиби намудҳои гуногуни меваҳои хушк дар мавсими рӯзадорӣ як кори муқаррарӣ буд. Навъҳои мавиз ва ғӯлунгҳое вуҷуд доштанд, ки онро танҳо барои рӯзакушоӣ истифода мебурданд. Ҳамчунин анъанаи пухтани намудҳои гуногуни ҳалво ва нишоло низ дар мавсими рӯзадорӣ бисёр равнақ пайдо мекардааст. Ҳалвои беҳтаринро бо ширинии тут ва ангур, нишолои беҳтаринро бо ҳамроҳ кардани зардбехи ширин бия тайёр мекарданд, ки он асосан дар кӯҳталҳои Айвоҷ, Қубодиён ва Шаҳритус мерӯид. Дар гузаштаи на он қадар дурр бехи ин гиёҳ, ки барои кафк задан дар деги нишоло ҷузъи таркибии муҳим барои ҳосил кардани маззаи дилхоҳ дониста мешуд, аз тариқи шаҳриТирмиз ба бозорҳои Бухорову Самарқанд, Хоразму Фарғона, Қӯқанду Хуҷанд, Панҷакенту Истаравшан, Чочу Чорҷӯ, Марву Ҳирот, Ҳисору Хатлонва Раштону Бадахшон паҳн мегардид.
Либосҳои занонаву мардонаи рамазонӣ бошад танҳо аз матоъҳои пахтагин дӯхта мешуд, ки онро либоси намозӣ ном мебурданд. Хуб мешуд, ки дар шароити муосир занону духтарон ҷойнамозҳои миллии худамонро дӯзонанд ва намудҳои рӯймолҳои миёнбанд ва тоқиҳои мардонаро, ки дар он нақшҳои исломӣ васеъ истифода мешуданд, эҳё намоянд. Ин ҳам риояи суннат ва ҳам арҷгузорӣ ба анъанаҳои фарҳанги миллат мебошад.
Масъалаи тайёр кардани тасбеҳҳо низ дар анаъанаи ҳунармандони мардумӣ ҷойгоҳи махсус дошт. Маводи тасбеҳ аз маҳсулотҳои табиӣ интихоб карда мешуд. Чунин тасбеҳҳо ҳангоми гардондан ва дар даст соиш додани он барои оромӣ бахшидан ба рӯҳу равони шахс гуворо буд. Дар мавзеъҳои кӯҳӣ онро аз санг, дарахти тут, чормағз ва тӯғдона тайёр мекарданд. Дарахтҳои бузурги чормағзу тутро, пеш аз ҳама, барои тарошидани табақ, кафлес, чумча ва қошуқ истифода мебурданд. Чӯбпораҳои боқимондаи туту чормағзро шогирдони устоҳо дар шакли хурд-хурди чоркунҷа ва тухмшакл барои тасбеҳ омода мекарданд. Дар водиҳо рустаНИИ гулшакле мерӯяд, ки онро «ашки Марям» мегӯянд ва мисли ҷуворимаккА гули донашакл ҳосил медиҳад. Донаҳои онро барои сохтани тасбеҳ дар гузаштаи наздики мо васеъ истифода мебурданд. Дар таҷрибаи мардумсолории мо мавсими рӯзадорӣ дар баробари вежагиҳои бовару эътиқодоти қавӣ буданаш боз омили муҳими таҳрикдиҳандаи фаъолиятҳои бозаргонӣ, ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ҳам будааст. Ошпазу кадбонуҳо ва соҳибкасбони гуногун дар мавсими рӯзадорӣ, аз як тараф, тамоми ҳунару маҳорати худро тақдими таматтӯъ бардоштани мардум мекарданд ва аз тарафи дигар, нозукиҳои онро ба шогирдон меомӯзониданд, то ки пайванди наслҳо гусастана гардад.
Дар айни замон соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ аз мо тақозо менамояд, ки дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ муносибати эҷодкорона зоҳир намоем. Дар сиёсати ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танзими анъана ва ҷашну маросимҳои динӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Талаботи роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки тамоми шаҳрвандони мамлакат дар интихобу пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқаррароти динию маҳзабӣ ба риояи урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд, ба тақлиди кӯркӯрона, бегонапарастию булҳавасӣ роҳ надиҳанд. Эҳёи дастовардҳои хуби ниёгони пурифтихор ва пазируфтани навгониҳо дар фазои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азизу маҳбуб бояд дар доираи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ ба вуқӯъ пайвандад. Месазад иқрор намоем, ки имрӯз дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми мардуми кишвар дар фазои тинҷию оромӣ ва ваҳдати дастаҷамъӣ рӯзгори хубу ҳаёти осоишта доранд ва ободию шукуфоии ватани аҷдодӣ маншаи ифтихормандии онҳост. Садоқат ба халқу Ватан, афзун намудани дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллию фарҳангӣ ва осебнопазирии ваҳдати эътиқодии динию мазҳабӣ аз ҳар фарди бонангу номус ба ваҷҳи некӯ анҷом додани қарзи фарзандию шаҳрвандии худро нисбат ба обу хоки муқаддас ва сарзамини аҷдодӣ тақозо менамояд.
Фарҳанг ва фазилатҳои наҷиби моҳи шарифи Рамазон ба зарурати ҳамкорию ҳамбастагӣ дар ҷомеа, тарбияи баланди ахлоқии насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва тақвою шикастанафсӣ, дастгирию ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон ва шахсони бепарастору оилаҳои камбизоат таъкид менамояд ва онро вазифаи ҳар шахси рӯзадори тавонманд муқаррар кардааст. Ваҳдати гуфтору кирдор, ботину зоҳир ва бовару имон имсол аҳамияти бештар аз пештар касб менамояд, зеро барои мардуми шарифи кишварамон соли 2016 санаи хотирмон – Соли таҷлили ҷашни бисту панҷ солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.