Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ
Душанбе, 01.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ»- чунин ном дорад китоби нави мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода, ки дар нашриёти «Контраст»-и Душанбе ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад.
Китоб ба ифтихори ҷашни барои мардуми тоҷик таърихӣ 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир гардидааст. Дар рисолаи илмӣ аз пешрафтҳои беназири миллати тоҷик дар даврони навин дар мисоли бахши муҳимтарини ҳаёти сиёсии Ватани азизамон- сиёсати хориҷӣ, ки маҳз бо шарофати фаъолияти назариявию амалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккулу тавсеа ёфтааст, сухан меравад.
Китоб аз муқаддима ва бахшҳои «Тоҷикистон дар низоми ҷаҳони кунунӣ», «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Усулҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазифаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тоҷикистон дар арсаҳои ҳамкории байналмилалӣ» иборат мебошад.








Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






