Имрӯз нахустнамоиши филми«12 соли интизорӣ» баргузор мегардад

Июль 12, 2016 13:25

Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «12 соли  интизорӣ»-таҳти чунин унвон имрӯз соати 18 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  нахустнамоиши филми ҳунарӣ доир мегардад.
Коргардони филм Муҳиддини Музаффар ва муаллиф Бахтиёр Каримов мебошанд.
Тавре директори филм Осим Орифпур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар филм матонату ҷасорат ва сабри зани тоҷик, ки 12 сол шавҳарашро интизор мешавад, нишон дода шудааст.
Нақши асосиро дар филми «12 соли  интизорӣ» ҳунарманди ҷавону боистеъдод Таҳмина Раҷабова мебозад. Ӯ барандаи барномаҳои иттилоотии шабакаи телевизионии «Сафина» ва дорандаи ҷоизаи Фестивали байналмилалии синамо дар Ҳиндустон барои беҳтарин нақши занона (2013 с) мебошад.
Ҳамчунин ҳунармандони тоҷик Муҳаммадҷон Шодиев, Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Тахмина Раҷабова, Нозим Меликов, Моҳпайкар Ёрова, Хуршед Мустафоев, Фарҳод Тухташев, Насриддин Асадуллоев, Ваҳҳоб Дӯстов ва дигарон нақш офаридаанд.
Филми навро Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов дар ҳамкорӣ бо телевизионҳои «Синамо» ва «Танин» таҳия намудаанд.

Июль 12, 2016 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад