Манчестер Юнайтед»: 120 миллион евро барои Погба

Июль 7, 2016 11:37

Душанбе, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Манчестер Юнайтед» омода аст, ки барои харидани Пол Погба маблағи рекордии  120 миллион евроро дареғ надорад, менависад Sky Sport Italia. Пол Погбаи 23-сола то соли 2012 дар ҳайати дастаи «Манчестер Юнайтед» давоми се сол ҳунарнамоӣ карда, бо анҷом ёфтани шартномааш бе ягон маблағ ба дастаи пешинаи худ, «Ювентус» баргаштааст.  Агар ин хабар амалӣ шавад, пас Погба рекорди нави арзишҳои футболбозонро дар ҷаҳон хоҳад гузошт.
Инчунин иттилоъ дода мешавад, ки «Манчестер Юнайтед» шартномаи панҷсоларо бо маоши 17 миллион евро дар як сол барои Пол Погба пешниҳод кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Клуби «Реал»-и Мадрид низ мехоҳад ин бозингарро дар қатори футболбозони худ бубинад.
Ёдрас мешавем, ки Пол Погба беҳтарин бозингари ҷавони соли 2014 дар ҳайати «Ювентус» 35 вохӯрӣ гузаронида, муаллифи 8 гол ва 12 ҳолати головар шудааст. Дар Лигаи чемпионҳои Аврупо бо 1 гол ва  ҳаммуалифии 2 голи дигар, инчунин дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо -2016 бо як голи задааш ва ду ҳолати головар аз худ ном гузоштааст.

Июль 7, 2016 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд