Машқҳои ҳарбӣ дар Конибодом
Душанбе, 11.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл дар минтақаи тирпарронӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом машқҳои амалии ҳарбӣ гузаронида шуданд. Дар онҳо раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, афсарону аскарони қисмҳои низомӣ, ҷавонони сершумор ва дигар сокинони шаҳру деҳот ширкат варзиданд. Дар нуқтаи таълимии №3-юми минтақаи мазкур иштирокдорон маҳорату малакаи худро дар иҷрои яке аз машқҳои ҳарбӣ-тирпарронӣ, ки маҳорату зиракии хосро тақозо мекунад, санҷиданд.
Мақсад аз гузаронидани чунин машқҳои ҳарбӣ баланд бардоштани ҳунари тирпарронии шаҳрвандон, такрор намудани қоидаҳои он ва аз дигар ҷониб омӯзонидану омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ба ин васила афзун намудани эҳсоси ватандӯстиву меҳанпарастӣ мебошад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






