ММТ: Довталабоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок карда натавонистанд, барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ бояд ариза пешниҳод намоянд
Душанбе, 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои довталабоне, ки дар давраҳои асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо сабабҳои узрнок иштирок карда натавониста, хоҳиши дар даври иловагӣ супоридани имтиҳонҳоро доранд, мерасонем, ки чунин хоҳишмандон барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ бояд ариза пешниҳод намоянд.
Шакли аризаро довталаб метавонад аз маркази имтиҳонӣ ё Маркази миллии тестӣ дастрас намояд. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб дода шуда, сабаби дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонистани ӯ мушаххас баён гардад. Пас аз пур кардани шакли ариза довталаб онро ба Маркази миллии тестӣ ё маркази имтиҳонӣ пешниҳод менамояд.
Агар довталаби ариза пешниҳодкарда дар имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) иштирок карда натавониста бошад, новобаста аз қарори комиссияи дахлдор дар бораи ба довталаб иҷозат додан ё надодан барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ, ҳуқуқ дорад, ки дар имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок намояд. Яъне чунин довталаб метавонад дар санаи дар даъватномааш нишондодашуда дар имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок намояд.
Инчунин, довталабе, ки дар имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) иштирок карда, бо сабаби узрнок дар имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок карда натавонистааст, ҳуқуқ дорад, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ ариза пешниҳод намояд.
Имтиҳонҳои иловагии қисми А (имтиҳони умумӣ) 18-уми июл ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) 19-уми июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Муҳлати қабули аризаҳо оид ба масъалаи мазкур то 14-уми июл муқаррар гардидааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






