Мушкилот ва дастовардҳои ИТҶТ баррасӣ шуданд
Душанбе, 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 19 июл дар Маркази иттилоот ва захираи намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Шӯрои Иттиҳодияи ташкилоти ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ) ва гурӯҳи мақсадноки ташкилоти байналмилалӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон (ГМТБҶ) баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ИТҶТ, ҳисоботи аъзои иттиҳодия дар соли 2015, консепсияи устувор гардонидани иқтидори техникии котиботи ИТҶТ ва фаъолнокии аъзои ИТҶТ ва ГМТБҶ барои иштирок дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дигар мавзӯъҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Мавсума Муинӣ, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҶВС) зимни суханронӣ доир ба ҳамкории КҶВС ва ИТҶТ бо ташкилоти байналмилалӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон фаъолиятдошта барои иштироки васеи онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки ИТҶТ ҳамчун ниҳоди пайвасткунанда байни КҶВС ва ташкилоти ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамоҳангсозии онро бевосита КҶВС ба уҳда дорад. Айни ҳол ба ин иттиҳодия зиёда аз 151 ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон аъзо мебошанд.
Қиёмиддин Миралиён, вакили Маҷлиси намояндагон, оид ба ҳаракати волонтёрӣ дар ҷумҳурӣ ва татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ибрози назар намуд.
Наимҷон Мирзораҳимов, котиби ИТҶТ вобаста ба ҳисоботи ташкилоти аъзои ИТҶТ барои соли 2015 суханронӣ намуда, ба ҳозирин доир ба мушкилот ва дастовардҳои иттиҳодия маълумот дод. Зимни баромад Н. Мирзораҳимов таъсис додани гурӯҳи мақсаднок доир ба коркард ва амалигардонии механизми таҳия, дарёфти маблағ, арзёбӣ ва баҳогузории лоиҳаҳои дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон татбиқшавандаро амри зарурӣ ва саривақтӣ донист.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






