Нашри «Пайроҳаи тақдир»-и Сано
Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Адиб» маҷмӯаи шеърҳои шоира Санавбари Солеҳро, ки бо тахаллуси Сано шеър эҷод менамояд, таҳти унвони «Пайроҳаи тақдир» мунташир намуд. Китоб бо теъдоди 1000 нусха чоп ш уда, дар он шеъру ғазалҳои шоира таҳти унвони «Гулрези хаёл» ва «Меҳроби роз» гирд оварда шудаанд.
Ашъори шоира саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан, ситоиши зебоиҳои нотакрори табиати кишвар, тарғиби ишқи поку беолоиш ва фазилатҳои неку ҳамидаи инсонист.
Санавбари Солеҳ зодаи яке аз мавзеҳои зебоманзари кишвар-Варзоб буда, соли 2000 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Алҳол ба ҳайси омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик кор мекунад.
Сано ҳанӯз аз сини 14-солагӣ ба навиштани шеър оғоз кардааст. Ӯ дар солҳои донишҷӯияш бо шоирони тоҷик ҳамкорӣ намуда, шеърҳояш дар ҳафтаномаҳои «Адабаиёт ва санъат» ва «Оила» нашр гардидаанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






