Ошкор шудани ҷиноятҳои қаллобӣ дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 14.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба Шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 56-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи январи соли 2015, зани 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 38 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондааст.
Ба Шуъбаи ВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2015 марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад мошини тамғаи «Мерседес Бенс», ки арзишаш 16 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.








БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд






