«Роҳи Ваҳдат — 2016»: Роҳпаймоии ҷавонон ба ВМКБ
Душанбе, 04.07.2016 /АМИТ «Ховар». /. Бо ташаббус ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» таҳти шиори роҳпаймоии ҷавонон «Роҳи Ваҳдат — 2016» ба сӯи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шурӯъ гардид.
Зимни роҳпаймоӣ як зумраи ҷавонони фаъоли кишвар ба ноҳияи Рӯшони ВМКБ расиданд. Онҳоро мардуми меҳмоннавози ноҳияи Рӯшон самимона истиқбол гирифтанд.
Ҷавонони рӯшонӣ ҳангоми суҳбат бо ҳамсолони хеш аз сулҳу ваҳдат, ободии диёр ва пешравию тараққиёти мамлакат сухан ронда, аз он шукргузорӣ менамуданд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо тамоми ҷавонони хушбахти даврон, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар имконияти омӯхтани илму техника, фарҳангу тамаддун ва забонҳои давлатҳои мутараққии ҷаҳонро доранд.
Пас аз мулоқот бо сокинону ҷавонони ноҳияи Рӯшон гурӯҳи роҳпаймоён роҳ ҷониби ноҳияи Ишкошим пеш гирифтанд.
Ҳангоми сӯҳбат аъзои фаъоли гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг», донишҷӯи соли 4-уми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аслиддин Хушвахтов иброз дошт, ки ҷавонони фаъоли гурӯҳи Пешоҳанг дар ҳамкорӣ бо «Созандагони Ватан» иқдомеро пеша кардаанд, ки он танҳо барои ободии Ватани азиз, созандагию бунёдкорӣ ва осоиштагию амнияти кишвар, ҳамчунин дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ равона карда шудааст.
Гурӯҳи ҷавонон таҳти унвони роҳпаймоии ҷавонони «Роҳи Ваҳдат — 2016» 2 июл вориди шаҳри Хоруғ гардиданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






