Шабакаҳои обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимоли кишвар то охири соли равон пурра барқарор карда мешаванд

Июль 16, 2016 12:40

Душанбе 16.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Барқарорсозии шабакаи  обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ ба маблағи умумии беш аз 22 миллион доллар амалӣ мегардад, тибқи нақша то охири соли равон ба анҷом  расонида мешавад.
Дар ин бора ба намояндагони ВАО Равшан Туйчизода, муовини аввали директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки аз ин маблағ 10 миллион долларо қарз ташкил медиҳад. Татбиқи лоиҳаи мазкур чор сол муқаддам  шурӯъ гардида,  дар доираи он шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои  шимоли  Тоҷикистон,  назири Гулистон, Бӯстон, Истиқлол,   Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров  ва шаҳри Хоруғ — маркази маъмурии  Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барқарор карда мешаванд.
Дар рафти татбиқи ин лоиҳа 12 намуди корҳои барқарорсозӣ ва харидорӣ муайян гардидааст.

Июль 16, 2016 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд