Шабакаҳои обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимоли кишвар то охири соли равон пурра барқарор карда мешаванд
Душанбе 16.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Барқарорсозии шабакаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ ба маблағи умумии беш аз 22 миллион доллар амалӣ мегардад, тибқи нақша то охири соли равон ба анҷом расонида мешавад.
Дар ин бора ба намояндагони ВАО Равшан Туйчизода, муовини аввали директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки аз ин маблағ 10 миллион долларо қарз ташкил медиҳад. Татбиқи лоиҳаи мазкур чор сол муқаддам шурӯъ гардида, дар доираи он шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон, назири Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хоруғ — маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барқарор карда мешаванд.
Дар рафти татбиқи ин лоиҳа 12 намуди корҳои барқарорсозӣ ва харидорӣ муайян гардидааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






